Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваҳои бозпурсии CIA бераҳмона будааст


Сенати Амрико дар як гузориш ба ин хулоса расидааст, ки шеваҳои бозпурсии маъмурони Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA “бераҳмона”ва бадтар аз он будааст, ки мақомот бовар доштанд. Ба гуфтаи сенат, бо вуҷуди истифодаи ингуна усулҳо, маъмурони амниятӣ ба гирифтани иттилооти дуруст ноил нашудаанд. Кумитаи иттилоооти сенат рӯзи 9-уми декабр бо нашри ин гузориш гуфт, усулҳои пешрафтаи бозпурсии Хадамоти Истихборотии Амрико “абзори босамаре барои гирифтани иттилооти дуруст ё ба даст овардани ҳамкории боздоштшуда” набудааст. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, Хадамоти Истихборотии Амрико “сиёсатгузорон ва дигаронро” дар бораи ҳадди бераҳмӣ зимни бозпурсии мутаҳҳамон ба узвият дар Ал-қоида гумроҳ кардаанд. Маъмурони амниятии Амрико баъд аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001-ум, баъзе аз муттаҳамон ба терроризмро дар маконҳои махфие дар Аврупо бо чунин шакл бозпурсӣ мекардаанд. Дар ин гузориш омадааст, бо вуҷуди онки табибони Хадамоти Истихборотии Амрико дар бораи хатари ҷароҳат бардоштани муттаҳамон ҳушдор медоданд, вале маъмурони амниятӣ аз чунин бозпурсӣ даст накашидаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гузоришро “нороҳаткунанда” хонд.

XS
SM
MD
LG