Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ва Олланд бо ҳам дар Остона мулоқот карданд


Франсуа Олланд ва Нурсултон Назарбоев
Франсуа Олланд ва Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, ки барои боздиди расмии дурӯза дар Қазоқистон қарор дорад, гуфт, ки таҳримҳои Ғарб ба Русия барои Украина таъсири чандоне надорад ва кишварҳои аврупоӣ бояд бо Маскав ба созиш бирасанд.

Вай ин нуктаро баъд аз мулоқот бо Олланд дар нишасти муштараки хабарӣ дар Остона изҳор дошт. Назарбоев гуфт, ҷонибҳо бояд “барои ҳали ин бӯҳрон” роҳи ҳали қобили қабулро пайдо кунанд. Ба гуфтаи вай, ин бӯҳрон ба тарафҳо кӯмак накардааст, балки сабаби бад шудани вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон шудааст.

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Олланд хостааст, ки дар ҷараёни мулоқот бо мақомоти расмии Қазоқистон нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистонро низ ба миён ниҳад.

3 декабр ин созмон дар эъломияе гуфт, ки “баъзе нигарониҳо” аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар вуҷуд дорад, аз ҷумла бидуни муҷозот мондан барои шиканҷа, ба ҳабс андохтани мунаққидони давлат ва зери назорат даровардани озодии баён ва матбуот.

XS
SM
MD
LG