Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷористон аз ИМА барои гуфтаҳои сенатор Маккейн тавзеҳот хост


Сенатор Ҷон Маккейн
Сенатор Ҷон Маккейн

Вазорати умури хориҷии Маҷористон рӯзи чаҳоршанбе, 3 декабр, дар робита ба як изҳори назари сенатор Ҷон Маккейн дар бораи нахуствазир Виктор Орбан аз сафири ИМА дар кишвар тавзеҳот хост.

Ба гуфтаи Колин Белл, сафири ИМА дар Маҷористон, сенатор Маккейн рӯзи 2 декабр дар баррасиҳо дар Сенат изҳор намуд, ки Маҷористон дар вартаи дар ихтиёри “мустабиди неофашист” вогузоштани истиқлоли худ қарор дорад ва ин мустабид “мехоҳад вориди ҷойгоҳи хоби Владимир Путин шавад”. Манзур аз “мустабиди неофашист” - нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан буд.

Сенатор Ҷон Маккейн сафири Амрико таъин кардани Колин Белл, продюссери Ҳолливуд, дар кишвареро, ки вазъи чигили сиёсӣ ҳукмфармост, зери шубҳа бурда буд. Аммо, ба иттилои расмӣ, хонум Белл ба маъракаи интихоботии раисиҷумҳур Барак Обама саҳми зиёд дошт ва аз ин рӯ Кохи Сафед аз таъини ӯ дар мақоми сафири кишвар дар Маҷористон пуштибонӣ намуд.

XS
SM
MD
LG