Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Попи Рум аз Туркия поён меёбад


Попи Рум Франсис, пешвои 1 миллиарду 200 миллион аз насрониёни ҷаҳон рӯзи 30-уми ноябр сафари серӯзааш ба Туркияро ба поён мерасонад, ки ҳадафи ин боздид тақвияти муколама ва муносиботи байни динҳост. Қарор аст, ӯ дар шаҳри Истанбул бо Усқуф Бартоломейи 1 ва пешвои 300 миллион нафар аз насрониҳои ортодокс мулоқот кунад. Интизор меравад, ки ду рӯҳонии мӯътабар як эъломияеро барои коҳиши тафриқаи 1000-сола байни ду калисо имзо кунанд. Попи Рум рӯзи 29-уми ноябр ба масҷиди Султон Аҳмади Истанбул рафт ва дар канори муфтӣ Раҳмӣ Яран, ки ба Худо ниёиш мекард, ба нишони эҳтиром сукута варзид. Попи Рум рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Анкара хоҳони муколамаи байни мазҳабҳо шуд ва гуфт, ки ин гуна муколама дар мубориза бо тундгароӣ ва террор кӯмак мекунад. Дар Туркия мусулмоннишини 75 миллион нафарӣ, танҳо 80 ҳазор нафари онҳо насронӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG