Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Дар музокироти ҳастаии Эрон холигоҳҳо зиёд аст


Музокироти ҳастаии Эрон
Музокироти ҳастаии Эрон

Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар музокироти ҳастаии Эрон дар Вена ҳанӯз баъзе холигоҳҳо боқӣ мондааст.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки то ҳол дар музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии он холигоҳҳои зиёд боқӣ мондааст, бо вуҷуди он ки то ду рӯзи дигар ба поёни мӯҳлати ниҳоӣ, яъне то 24 ноябр дар музокироти Вена пешравиҳо ба даст омадааст.

Ҷон Керрӣ 22 ноябр пеш аз мулоқот бо Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон гуфт, «мо хеле сахт кор мекунем. Мо умедворем, ки бо эҳтиёт ба пешрафт ноил шавем, вале холигоҳҳои зиёд вуҷуд доранд ва ҳанӯз мо холигоҳҳои ҷиддӣ дорем, вале хеле наздик кор мекунем».

22 ноябр дар шаҳри Венаи Австрия ба ин музокирот, ки дар он Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Муҳмаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон ширкат доранд, Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон низ ҳамроҳ шуд ва он нишонаи аҳамияти зиёди ин музокирот арзёбӣ мешавад.

Ҷон Керрӣ ва Франк-Волтер Штайнмайер
Ҷон Керрӣ ва Франк-Волтер Штайнмайер

Штайнмайер баъд аз вуруд ба Вена гуфт, бо вуҷуди ин ки дар музокирот холигоҳҳо зиёд аст, “мо дар давоми бештар аз 10 соли гузашта ин қадр ба ҳадаф наздик нашуда будем”.

Эрик Шултс-сухангӯи Кохи Сафеди Амрико гуфт, музокиракунандагон «беш аз ҳад» кор мекунанд, то битавонанд то поёни мӯҳлат ба созиш расанд. Сергей Рябков-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия субҳи 22 ноябр гуфт, ки музокиракунандагон намехоҳанд ҳатто як соатро аз даст диҳанд.

Ба гуфтаи вай, «агар ба аъзои ягон ҳайат машваратҳои иловагӣ зарур бошад, шарт нест, ки онҳо ба пойтахти кишварашон баргарданд». Вай афзуд, Дар Вена боқӣ мондани Ҷон Керрӣ ва Ҷавод Зариф нишонаи он аст, ки мумкин аст комёбӣ ба даст ояд, агар ҳар яке аз ҷонибҳо ба истиқболи якдигар раванд.

Ҳамзамон вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки Сергей Лавров-вазири хориҷа барномаҳои худро тағир додааст. Вай бояд 24 ноябр бо намояндагони кишварҳои африқоӣ дар Маскав мулоқот мекард.

Пештар вазорат гуфта буд, Лавров ва Керрӣ дар як гуфтугӯи телефонӣ изҳор доштаанд, ки «талошҳои иловагӣ» зарур аст, то ки ҷонибҳо то 24 ноябр ба тавофуқ бирасанд.

Сергей Рябков-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия дар Вена ба ин нукта ишора кард, ки мумкин аст дар поёни ҳафта Лавров ба Вена сафар кунад, вале дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

Соли гузашта дар музокироти Женева Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон барои як муддатба тавофуқ расида буданд, вале мӯҳлати ин тавофуқ 24 ноябр ба поён мерасад ва ҷонибҳо талош доранд, ки акнун тавофуқи ниҳоӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба даст ояд. Дар он сурат кишварҳои ғарбӣ аз таҳримҳои худ бар зидди Эрон канорагирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG