Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Чин ҳукми ҳабси абади Илҳом Тоҳтиро тасдиқ кард


Илҳом Тоҳтӣ
Илҳом Тоҳтӣ

Додгоҳи Чин рӯзи 21 ноябр ҳукми ҳабси абади ҳомии ҳуқуқи башар ва донишманди маъруфи уйғур Илҳом Тоҳтиро таъид кард. Ин донишманд ду моҳ пеш аз сӯи додгоҳишаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷону Уйғури Чин, дар ҷудоихоҳӣ маҳкум шуда буд. Дар мурофиа Илҳом Таҳтӣ иттиҳомро рад карда буд.

Лю Сяоюан, вакили дифои Тоҳтӣ гуфт, ки фарди таҳти ҳимояташ тайи як моҳи оянда ба маҳбас интиқол меёбад.

Илҳом Тоҳтӣ пайваста аз сиёсати мақомоти Чин дар баробари аққалиятҳои уйғур интиқод мекард. Вакили дифоъи Тоҳтӣ бо такя ба ин нукта изҳор намуд, ки ҳукми додгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад.

Дар вилояти Шинҷон-Уйғури Чин тақрибан 8 миллион мусалмонҳои уйғур зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG