Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Понта шикаст дар интихоботро эътироф кард


Виктор Понта, нахуствазири Руминия, эътироф кард, ки дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шикаст хӯрдааст. Ӯ гуфт, ба рақибаш Клаус Йоҳаннис телефон кардааст ва бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфтааст. Дар даври аввали интихобот дар рӯзи 2-уми ноябр Виктор Понта бо раъйи зиёде Клаус Йоҳаннис, раиси шаҳри Сибиуро шикаст дод ва бар тибқи назархоҳиҳо пешсафи интихоботи рӯзи 16-уми ноябр буд. Клаус Йоҳаннис, муаллими олмонитабор аст ва ваъда додааст, ки низоми додгоҳиро мустақил карда ва Руминияро ба як кишвари “дуруст” табдил медиҳад. Низоми додгоҳии Руминия ҳоло таҳти назари вижаи Иттиҳодияи Аврупост. Ғолиби интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷойгузини Траян Басеску, раиси ҷумҳури феълии Руминия мешавад.

XS
SM
MD
LG