Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии 10 тарҳи нави ёриҳои Ҷопон


Рӯзи 12 ноябр сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки даҳ лоиҳаи навро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ин даҳ лоиҳа бештар иҷтимоӣ буда, маблағи умумиаш беш аз 1 миллион долларро такшил медиҳад. Дар чорчӯби ин 10 тарҳ бунёду бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз сохтани беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва мактабҳо дар назар дошта шудааст.

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон то ҳол 330 лоиҳаро ба маблағи беш аз 26 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG