Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароён дар Маскав раҳпаймоӣ карданд


Миллатгароҳои рус дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия 4 ноябр раҳпаймоӣ анҷом доданд. Ин дар ҳолест, ки Кохи Кремли Маскав Рӯзи Ваҳдати Миллиро ҷашн гирифт. Ин ҷашнро Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия эълон карда буд.

Як гурӯҳи бештар аз 2000 нафарӣ, ки мардон аксариятро ташкил мекарданд, парчамҳои давраи шоҳии Русия дар даст раҳпаймоӣ анҷом доданд. Пулиси зиддитазоҳурот аз паси онҳо мерафт ва раҳпаймоиро назорат мекард.

Раҳпаймоён, ки баъзеҳояшон ниқоб ва баъзеҳои дигар комуфуляж ё дар сар кулоҳи бейсбол доштанд, чунин шиор медоданд: “Русия барои русҳост”, “Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас” ва “Ба пеш Русия”.

Баъзеҳо дастони худро ба тарзи нозиҳо боло мекарданд ва салют медоданд, вале раҳпаймоӣ сулҳомез баргузор шуд. Раҳпаймоиҳои дигар ҳам дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG