Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Садои Осиё" ва "ДунёFM" дар Турсунзода ва Истаравшан


Дар ноҳияи марзии Турсунзода воқеъ дар 57 километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, студияи радиои ҷадид бо номи “Садои Осиё” рӯи мавҷи “106.8 FM” ба пахши гуфторҳои санҷишии худ оғоз кард. ”Садои Осиё” дар таърихи 6 ноябр ба муносибати Рӯзи Қонуни асосӣ расман ба фаъолияти худ оғоз хоҳад бахшид. Ҳабиб Мақбулов, раиси студияи “Регар” рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «Садои Осиё» як минбари алтернативӣ барои дастрасӣ ба хабару ҳаводиси дохили кишвар ва хориҷи он дар минтақаи марзӣ хоҳад буд. Вай афзуд, дар ҳоле мавҷи радио ва шабакаҳои телевизионии Узбакистон дар манотиқи марзӣ фаъол ҳастанд, “Садои Осиё” метавонад бо барномаҳои 24 соатаи худ рӯи мавҷи “106.8 FM” бо забони тоҷикӣ ва русӣ таваҷҷӯҳи шунавандагонро ба худ ҷалб созад. Тавоноии мавҷи радиои Садои Осиё 1 КБ буда, ба ҷуз шаҳри Турсунзода, дигар навоҳии марзӣ бо Узбакистонро фаро мегирад. Муҳтавои барномаҳои ин радио хабарӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣва фароғатӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои Комиссияи литсензионии Кумитаи радиои ва телевизиони Тоҷикистон, дар ноҳияи Истаравшан низ студияи радиои нави шабонрӯзии фарҳангию мусиқӣ бо номи “«Дунё FM» ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Муассиси “Дунё FM” студияи “Дунё плюс” буда, ин дуввумин радио пас аз радиои «Авис-плюс» мебошад, ки ин студия аз соли 2009 ба ин тараф дар ноҳияи Истаравшан роҳандозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG