Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русия ва Украина роҷеъ ба газ оғоз мешавад


Русия ва Украина тасмим гирифтаанд, ки 29 октябр дар Бруссел музокироти баҳсбарангези газро аз сар бигиранд. Даври нави музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки 21 октябр музокироти ҷонибҳо бидуни натиҷае ба поён расид ва Гютнер Оттингер-Комисари Иттиҳодияи Аврупо дар умури энержӣ эълон кард, ки бояд дар бораи натиҷаҳои ниҳоӣ мувофиқа ҳосил шавад.

Русия ба баҳонаи 5,3 миллиард доллар қарз дар миёнаи моҳи июн интиқоли газ ба Украинаро қатъ кард.

Оттингер ба унвони тавофуқоти муқаддамотӣ гуфт, ки Украина мехоҳад то поёни соли ҷорӣ аз Русия тақрибан 4 миллиард метри муккааб гази Русияро харидорӣ кунад.

21 октябр Русия гуфт, ки ба Украина ҳар ҳазор метри муккааб гази худро ба арзиши 385 доллар мефурӯшад, дар ҳоле ки чанд ҳафта пеш эълон карда буд, ки барои ин миқдор газ 485 доллар бояд бигирад.

Маскав мегӯяд, ки ин нарх аз моҳи октябри соли 2014 то охири марти соли 2015 эътибор хоҳад дошт, вале фақат ба ин шарт, ки агар Украина нархи онро пешакӣ бипардозад.

XS
SM
MD
LG