Додситонии Гурҷистон мегӯяд, ки 5 корманди пешин ва кунунии боломақоми низомӣ ба эҳтимоли истифодаи нодурусти маблағҳои давлатӣ боздошт шудаанд. Додситонӣ дар эъломияи 28 октябри худ гуфтааст, ки кормандони вазорати дифоъ ва ситоди кулли нируҳои мусаллаҳ бештар аз 2,3 миллион долларро нодуруст истифода кардаанд.
Афроди гумонбар, ки аз онҳо ном бурда намешавад, гӯё барои кашидани хати фибри нурӣ ва харидории таҷҳизот озмун эълон карданд ва барои ин омзуни дуруғин муттаҳам дониста мешаванд.
Амрико аз мақомоти Гурҷистон хостааст, ки додгоҳро чун ангезаи сиёсӣ бар зидди мухолифон истифода накунанд. Ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешин баъд аз бохти соли 2012 дар интихоботи порламонӣ ҳоло бо давлати кунунӣ дар мухолифат қарор доранд.