Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳри Ироқро аз ҷангҷӯён пас гирифтанд


Нерӯҳои давлатии Ироқ ва размандагони пешмаргаи курд бахшҳое аз манотиқи шимолӣ ва марказии кишварро аз ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ пас гирифтанд. Рӯзи 25-уми октябр ба нерӯҳои ироқӣ ва шибҳанизомиёни шиамазҳаб муяссар шуд, баъди чанд моҳи ҷанг шаҳри Ҷурф ал-Сахр дар ҷануби Бағдодро озод кунанд. Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, аз тариқи телевизион гуфт, мардуми беҷошуда дар натиҷаи даргириҳо ба зудӣ метавонанд, ба хонаҳояшон баргарданд. Дар шимоли Ироқ нерӯҳои курд бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико шаҳри Зумар ва чанд деҳаи наздики онро аз ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ пас гирифтанд. Ин шаҳр дар 60 километрии шаҳри Мосул ҷойгир шудааст. Вазорати дифои Амрико рӯзи 26-уми октябр гуфт, ҳавопаймоҳои кишвар ба мавқеъҳои ҷангҷӯён дар Ироқ 23 дафъа ва дар наздикии шаҳри Кубонии Сурия як дафъа зарба задаанд.

XS
SM
MD
LG