Масъули умури ҳуқуқи башари Созмони Милал аз ҳукумати Қирғизистон тақозо кард, аз қабули “тарҳи қонун ба зидди аққалиятҳои ҷинсӣ” худдорӣ кунад. Дар баёнияи расмие, ки дафтари Комиссионери олии ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 24-уми октябр нашр кард, омадааст, дар сурати қабули тарҳ, ин қонун “ҳуқуқи бунёдии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ, амният, озодии баён ва ҳамоишҳои сулҳомезро” помол мекунад. Ҳафтаи гузашта порлумони Қирғизистон дар қироати якум тарҳи қонунеро қабул кард, ки барои “тарғиби ҳамҷинсгароӣ” то як соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад. Бар асоси ин тарҳ, хабарнигороне, ки ба тарғиби ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мешаванд, ҷазо мегиранд. Дар сурати қабули тарҳи қонун, таъсиси созмонҳои ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Қирғизистон мамнӯъ мешавад. Вале ин тарҳ бояд ду бори дигар дар порлумон баррасӣ шавад ва дар сурати пазируфтан, баъди имзои раиси ҷумҳур ҳукми иҷро мегирад.