Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW Украинаро барои истифодаи бамҳои хӯшаӣ муттаҳам кард


Human Rights Watch (HRW) ё Дидобони Ҳуқуқи башар мегӯяд, нируҳои ҳукуматии Украина дар аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳри Донетск дар маҳаллоти аҳолинишин аз бамҳои хӯшаӣ истифода карданд.

Ин созмон, ки марказаш дар Нию Йорк аст, “истифодаи васеъ”-и ин гуна муҳимоти ҷангиро ҳуҷҷат кардааст, ки дар ҷанги миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина дар бештар аз даҳ ҷой ба кор бурдаанд.

HRW мегӯяд, наметавон дақиқ кард, ки дар баъзе аз чунин ҳамлаҳо масъулият бар дӯши кадом тараф аст, вале илова кардааст, ки бо такя ба далелҳои қаввӣ чанд ҳамла ба нируҳои ҳукуматӣ тааллуқ дорад. Богдан Сеник-сухангӯи вазорати дифои Украина ин даъворо беасос хонд .

Вале истифода аз бамҳои хӯшаӣ тибқи муқаррароти байналмиллалӣ “ҷинояти ҷангӣ” дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG