Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: Масрафи нигаҳбонии марз боло меравад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон масорифи кишвараш барои нигаҳбонии марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон бештар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ҳифзи 60 дарсади марзҳои Шӯравии пешин бо Афғонистон акнун бар дӯши Тоҷикистон аст. Марзи миёни ин ду кишвар 1 ҳазору 400 километрро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чигунагии вазъ дар Афғонистон ба рушди минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад дошт. Агар дар ин кишварҳо амният таъмин набошад, сармоягузорӣ низ дар ин кишварҳо коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG