Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари қирғизро рабуданд ва вай худкушӣ кард


Бино ба гузоришҳо, як духтари қирғиз баъд аз рабудан дар ноҳияи Қучқори Қирғизистон худкушӣ кардааст. Мунара Бекназарова аз созмони ғайридавлатии Айкин Бакит ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як зани 18 сола баъд аз рабудан худро ба дор кашидааст. Вайро моҳи ҷорӣ дар ноҳияи Иссиқ Кӯл хонаводае рабудааст.

Вале мақомоти расмии ноҳияи Қучқор ин хабари Бекназароваро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки чунин ҳодиса ҳеҷ гоҳ рух надодааст. Ба гуфтаи Бекназарова, зане ба вай телефонӣ хабар расондааст, ки баъд аз рабудан ва маҷбур ба зании каси ношинос даровардани ин духтар вай худро овехтааст.

Бекназарова мегӯяд, ки падару модари духтар дар бораи рабудани духтарашон ба пулис хабар надодаанд. Фаъолони ҳуқуқи башари Қирғизистон мегӯянд, ки ҳар сол дар ин кишвар 12 ҳазор зани қирғиз рабуда мешаванд ва маҷбурӣ ба зании каси ноишнос медароянд.

XS
SM
MD
LG