Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил: Раъйи Британия сулҳро дар хатар мегузорад


Исроил мегӯяд, ки раъйи рамзии порламони Британия дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин ба раванди сулҳ дар Ховари Миёна таҳдид мекунад. 14 октябр дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Исроил эъломияе ба нашр расонд. Дар он омадааст: “Эътирофи қабл аз вақт ба раҳбарияти Фаластин паёми хатарнок мефиристад ва онҳо аз роҳҳои мушкил худро канор мегиранд, роҳе ки барои расидан ба сулҳи воқеӣ бояд ҳар ду ҷониб тай кунанд”.

Дар изҳороти алоҳидае сафорати Исроил дар Британия гуфтааст, “роҳ ба сӯи давлати мустақили Фаластин аз толори музокирот мегузарад”.

13 октябр порламони Британия бо аксари оро ба ҷонибдорӣ аз шинохти давлати мустақили Фаластин раъй дод. Ин раъй рамзӣ буд ва наметавонад сиёсати ҳукуматро тағир диҳад.

Хонум Ҳанон Ашрафӣ -узви Кумитаи иҷроии Созмони раҳоибахши Фаластин раъйи порламони Британияро “тасмими усулӣ ва қадами муҳим дар роҳи адолату сулҳ арзёбӣ кард.”

XS
SM
MD
LG