Ҷенс Столтенберг-Дабри кулли нави паймони НАТО мегӯяд, ин паймон аз мавридҳои чанд бор риоят нашудани оташбас дар Украина нигарон аст. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия низ 6 октябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти худ гуфт, ки оташбас хеле шикананда аст, ба вижа дар минтақаҳои атрофи фурудгоҳи Донетск.
Столтенберг тақвияти нируҳои амниятии кишварҳои узви ин паймон ва “ҳимояти онҳо аз истиқлол, демократия ва Украинаи рӯ ба Ғарб”-ро вазифаи “шумораи як”-и НАТО арзёбӣ кард.
Столенберг ҳамчунин гуфт, ки ҳузур ва фаъолияти ин паймон дар қисмати шарқ идома хоҳад ёфт. Вай бо чунин суханон тавофуқоти паймон бо Русияро, ки дар соли 1997 ба даст омада буд, зери суол бурд.