Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктория Нуланд аз Киев боздид мекунад


Виктория Нуланд (акс аз бойгонӣ)
Виктория Нуланд (акс аз бойгонӣ)

Қарор аст Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Аврупо ва Авруосиё 6 октябр аз Киев-пойтахти Украина боздид ва бо мақомоти раҳбарии ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Вазорат дар изҳороти худ гуфтааст, Нуланд “уҳдадориҳои ҳукумати Амрико барои ҳимоят аз идомаи талошҳои ислоҳот дар Украина, ҳолу ҳавои муноқиша дар шарқи Украина ва ҳимояти Амрико аз тамомияти арзии Украинаро баррасӣ мекунад”.

Боздиди Нуланд замоне сурат мегирад, ки баъд аз як моҳи оташбас бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар бораи нақзи оташбас гузоришҳои тоза мерасанд. Володимир Полиёви-сухангӯи низомӣ 5 октябр дар Киев гуфт, дар давоми 24 соати гузашта ҳангоме, ки нируҳои ҳукуматӣ дар шарқи Укераина дар баъзе қисматҳои Украинаи шарқӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд, 2 афсари нируҳои ҳукуматӣ ба қатл расидаанд.

Эдуард Басулин-афсари боломақоми нируҳои шӯришӣ гуфтааст, ки дар 24 соати ахир дар шаҳри Донетск, ба вижа дар ҷангҳои атрофи фурудгоҳ 3 шӯришии ҷонибдори Русия кушта шудаанд. Ин шаҳр дар контроли ҷудоихоҳон қарор дорад. Вале фурудгоҳ дар дасти нируҳои ҳукуматист.

Нируҳои шӯришӣ аз чанд ҳафта ба ин сӯ талош доранд фурудгоҳро аз нируҳои ҳукуматӣ бигиранд.

XS
SM
MD
LG