Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Латвия интихоботи парлумонӣ мегузарад


L
L

Дар Латвия рӯзи шанбе интихоботи парлумонӣ мегузарад. Ба навиштаи хабаргузории Reuters, назарпурсиҳо ҳокиянд, ки латишҳо бо назардошти таниши давлаташон бо Русия дар робита ба бӯҳрони Украина омодаанд, ки аз эътилофи ҳукмрони росту марказгаро пуштибонӣ кунанд.

Нахуствазири Латвия Лаимдота Страуюма здар қиболи Маскав аз мавқеъи шадид кор гирифт ва хостори афзоиши хароҷон барои мудофиа ва тақвияти ҳузури Паймони НАТО дар кишвар шуд. Рақиби асосии эътилофи ҳукмрон – ҳизби сотсиал-демократии “Согласие” мебошад, ки аз он рустаборҳои Латвия ҷонибдорӣ мекунанд. Чаҳоряки аҳолии Латвияро русҳо ташкил медиҳанд.

Баъд аз бӯҳрони молиявии соли 2008, ки аз он иқтисоди кишвар осеби ҷиддӣ дид, ҳукумат хароҷотро коҳиш дод, ҷойҳои кории зиёдеро ихтисор кард. Имсол бошад Латвия ба минтақаи евро пайваст. Бо вуҷуди ин мардум аз сатҳи баланди бекорӣ ва сиёсати сарфаи шадид норозӣ монданд, аз ин рӯ эътилофи ҳукумрон тасмим гирифт, ки дар маъракаи интихоботӣ на рӯи иқтисод, балки бештар рӯи мавзӯи робитаҳои Иттиҳодияи Аврупову Русия тамаркӯз кунад.

XS
SM
MD
LG