Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Арманистон санади иттиҳодияи АвруОсиёро пазируфт


Ҳовик Абрамян
Ҳовик Абрамян

Ҳукумати Арманистон тарҳи санади пайвастани ин кишвар ба паймони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонд. Ҳовик Абрамян-нахуствазири ин кишвар дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, аз лаҳзаи тасвиби ин паймон санадҳои ин иттиҳодия дар қаламрави Арманистон ба иҷро медарояд.

Дар замимаи ин паймон 29 қарордоди дигар оварда шудааст, ки шароити пайвастани Арманистон ба ин иттиҳодияро дар марҳилаи гузор бозгӯ мекунад ва онҳоро ин кишвар қабул дорад.

Дар замимаҳои алоҳида феҳристи колоҳо ва хадамоте оварда шудааст, ки дар давраи гузор аз онҳо боҷи гумрукӣ гирифта мешавад.

29 маи соли ҷорӣ руасои ҷамоҳири Русияву Белорус ва Қазоқистон санади ташкили ин иттиҳодияро имзо карда буданд. Ин санад аз 1 январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG