Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз сиёсати "худхоҳона"-и Ғарб интиқод кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия зимни суханронии худ дар Маҷмаи Умумии СММ Амрикоро муттаҳам кард, ки барои дифоъ аз манофеи худ ба “мудохилаи низомӣ” такя мекунад. Лавров 27 сентябр гуфт: “Вашингтон ба таври ошкоро эълон кардааст, ки ҳақ дорад ба таври якҷониба барои ҳифзи манофеи худ дар ҳар ҷо аз ниру истифода кунад”.

Лавров ҳамчунин аз НАТО интиқод кард, ки нисбат ба Русия “мавзеъгирии хасмона” дорад ва он “нотавонии ин паймони низомиро барои тағир додани вазифаҳои аслӣ нишон медиҳад, ки дар даврони ҷанги сард муайян шуда буд”.

Вай гуфт, дар ҳоле, ки Ғарб аз демократия, авлавияти қонун ва ҳуқуқи башар дар баъзе кишварҳо дифоъ мекунад, дар амал дар арсаи байналмиллалӣ ҳақи истиқлоли кишварҳоро нодида мегирад.

Лавров ҳамчунин аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо интиқод кард, ки онҳо мехоҳанд “фазои геополитикии зери назорати худро бидуни дарназардошти манофеи қонунии ҳамаи кишварҳои Аврупо” тавсеа диҳанд. Вай гуфт, “Украина қурбони чунин сиёсати худхоҳона шудааст”.

XS
SM
MD
LG