Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин боз як марди мусаллаҳ бо корд ба кӯдакон ҳамла кард


Марди ношиноси мусаллаҳ ба корд ба толибилмони як мактаби ибтидоӣ дар Чин ҳамла кард. Расонаҳои чинӣ рӯзи ҷумъа навиштанд, бар асари ин ҳамла, ки дар вилояти худмухтори Гуансӣ-Чжуан рӯй дод, се кӯдак дар ҷойи ҳодиса ва як тифли дигар дар бемористон ҷон бохтанд. Гуфта мешавад, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки кӯдакон ба мактаб мерафтанд. Кормандони полис ҷустуҷӯи ҳамлагарро идома медиҳанд. Ҳамлаҳо бо корд ба толибилмон дар Чин зиёд рӯй медиҳанд. Чаҳор сол пеш бар асари ин гуна ҳамлаҳо ҳафт кӯдак кушта шуд. Моҳи декабри соли 2012 бар асари ҳамлаи як марди мусаллаҳ ба корд дар вилояти Хенан 22 кӯдак ҷароҳат бардошт. Моҳи марти соли гузашта марде дар ҳавлии як мактаби Шанхай ду тан аз наздикони худро кушта, 11 нафари дигар, аз ҷумла, шаш кӯдакро маҷрӯҳ кард.

XS
SM
MD
LG