Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти додситонҳои кулли СНГ дар Душанбе


Рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои додситонҳои кулли Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) доир шуд. Ҷараёни иҷрои Барномаи ҳамкории кишварҳои СНГ дар роҳи мубориза бо ҷинояткориву терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон ва роҳҳои муқобила бо афзоиши шумори мӯътодони маводи мухаддир, ки барои солҳои 2014-2018 пешбинӣ шудааст, як мавзӯи аслии нишасти додситонҳои кулл дар Душанбе гуфта мешавад.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки раёсати ҷаласаро ба зимма дорад, қабл аз шурӯъи ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҷаласа 14 масъала баррасӣ мешавад. Ба қавли ӯ, маърӯзаи асосии ҷаласа - “Маълумот дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, кори тафтишот, фаъолияти прокурорӣ, амалияи иҷрои шартномаҳои байнулмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ” ном дорад.

Дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ додситонҳои кулли Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, муовинони додситонҳои кулли Озарбойҷон ва Русия ширкат доранд. Додситонҳои кулли Украина, Молдова ва Арманистон бо ирсоли нома гуфтаанд, ки ба далели “корҳои муҳими фаврӣ” дар ҷаласаи Душанбе ширкат намекунанд.

Шӯроҳи ҳамоҳангсози додситонҳои кулли СНГ соли 1995 таъсис ёфта, феълан 9 кишвар – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Украинаро муттаҳид мекунад

XS
SM
MD
LG