Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд дар мадори Миррих моҳвораи худро ҷой дод


Ҳиндустон дастгоҳи моҳвораии худро дар атрофи мадори Миррих ба гардиш даровард. Субҳи 24 сентябр ҳангоме, ки ин дастгоҳ дуруст дар ҷои пешбинишуда дар мадори ин сайёраи сурх устувор шуд, донишмандони ин кишвар аз курсиҳои худ бархостанд ва ба ҷасту хез шуруъ карданд.

Ин комёбӣ Ҳиндустонро ба гурӯҳи нухбагони ҷустуҷӯгари сайёраи Миррих ворид кард, ки ҳоло дар он Амрико, идораи кайҳонии Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравии пешин ҳастанд.

Нарендра Модӣ-нахуствазири Ҳиндустон гуфт, ки бо ин иқдоми худ кишвараш имрӯз таърихсоз шудааст. Ин кишвар мегӯяд, ки маъмурияти гардиши даври Миррихро бо таҷҳизоти худ анҷом додааст ва ҳазинаи он тақрибан 75 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG