Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин зарбаи ҳавопаймоҳои фаронсавӣ ба мавқеъҳои "Давлати исломӣ"


Ҳавопаймоҳои ҷангии Фаронса барои нахустин бор ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолу шарқи Ироқ зарба заданд. Дафтари раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд рӯзи 19 сентябр хабар дод, ки бар асари зарба як анбори ситезаҷӯён нобуд карда шуд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки зарбаҳо аз ҳавопаймоҳо рӯзҳои наздик идома хоҳанд кард.

Фаронса нахустин кишвари ғарбист, ки ба амалиёти ҳавопаймоҳои низомии ИМА алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуд. Як рӯз қабл Ҳолланд эълом дошт, Фаронса ба артиши Ироқ дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки қаламрави бузурги шимолу ғарби Ироқро ишғол кардааст, кӯмак хоҳад кард. Аммо ӯ таъкид кард, ки амалиёти низомиёнаш фақат дар хоки Ироқ сурат мегирад ва аз қаламрави Сурия убур нахоҳад кард. Раисиҷумҳури Фаронса таъкид намуд, ки низомиёнаш дар амалиёти заминӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ширкат намекунанд.

Аз ин пештар Фаронса ба нерӯҳои пешмаргаи курди Ироқ силоҳ фиристода буд.

XS
SM
MD
LG