Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ Эболаро таҳдид ба амнияти олам номид


Шӯрои амнияти СММ шоми панҷшанбе қатъномаеро пазируфт, ки дар он хурӯҷи вабои Эбола дар Африқои ғарбӣ чун таҳдид ба “сулҳу амнияти байнулмилалӣ” арзёбӣ шудааст. Дар ин санад аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки барои мубориза бо ин маризӣ талоши ҳарчӣ бештар кунад.

Аввалин нишонаҳои вабои Эбола моҳи марти соли равон пайдо шуданд. Бар пояи иттилои ахир, то ҳол дасти кам 5357 нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва 2600 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Манбаъи аслии хурӯҷи беморӣ Гвинея боқӣ мемонад. Эбола дар Сиерра-Леоне, Либерия, Сенегал ва Нигерия ҳам хурӯҷ кардааст.

Ахиран Фаронса ҳам эълом дошт, ки нияти кӯмаки тиббӣ расонидан ба Африқои ғарбиро дорад. Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, рӯзи ҷумъа, 19 сентбяр, хабар дод, ки дар ҷанубу шарқи Гвинея бемористони низомӣ бунёд хоҳад шуд. Порис ҳамчунин барои сармоягузории чорабиниҳои гуногуни зидди марзии Эбола 150 миллион евро ҷудо мекунад.

XS
SM
MD
LG