Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 май даргириҳо дар Мариуполи Украина идома дошт


Мариупол
Мариупол
Рӯзи 10 май вазъ дар шаҳри Мариуполи Украина ҳамчунон муташанниҷ боқӣ монд ва рӯзноманигорон мегӯянд, ки даргириҳо байни нируҳои амниятии ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия идома доштааст.

Бино ба гузоришҳо, Валерий Андрошчук-раиси пулиси Мариупол аз тарафи одамони ношинос лату кӯб ва рабуда шудааст. Нируҳои Украиана 9 май дар ин шаҳр бар зидди шӯришиёни ҷудоихоҳ амалиёт оғоз ва дафтари пулисро ба ихтиёри худ дароварданд.

Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина гуфт, 20 шӯришӣ ва як афсари пулис дар даргириҳо кушта шудаанд. Бино ба гуфтаи вай, 4 корманди дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд ва чаҳор шӯришӣ боздошт шудаанд.

Мақомот 10 майро дар Мариупол рӯзи мотам эълон карданд.
XS
SM
MD
LG