Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти 5 раиси ҷумҳур дар Маскав


Кохи Кремли Маскав мегӯяд, дар мулоқоти 8 май дар Маскав байни Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо руасои ҷамоҳири Арманистону Беларус ва Қирғизистону Тоҷикистон бӯҳрони Украина ва “амнияти дастаҷамъӣ” баррасӣ мешавад.

Вале саркашии баъзе кишварҳо аз даромадан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ, ки дар он Русия нақши раҳбарӣ хоҳад дошт, яке дигар аз масъалаҳои муҳими мулоқот бо Путин хоҳад буд. Дмитрий Песков-сухангӯи Кохи Кремл мегӯяд, руасои ҷамоҳир ҳамчунин бо Путин мулоқоти ғайрирасмӣ хоҳанд дошт, вале ҳар кадоме аз онҳо бо Путин мулоқоти “як ба як” анҷом медиҳанд ва “ҳамкориҳои дуҷониба”-ро баррасӣ мекунанд.

Мулоқоти руасои ҷамоҳир дар ҳоле баргузор мешавад, ки як рӯз пеш раиси ҷумҳури Русия аз ҷудоихоҳони шарқи Украина хост, то райпурсиии 11 май барои таъйини сарнавишти худро ба таъхир андозанд.

Путин ҳамчунин интихоботи 25 маи раёсати ҷумҳурии Украинаро, ки то ҳол Кохи Кремл аз он интиқод мекард, “қадаме дар самти дуруст” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG