Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҳинд ба Тоҷикистон меояд


Имрӯз, 7 май Суҷатҳа Сингҳ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҳинд вориди шаҳри Душанбе мешавад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ зимни тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" ҳадаф аз сафари хонум Суҷатҳа Сингхро дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва баррасии масоили густариш ва тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвар унвон карданд. Ба гуфтаи ин масъулон, қарор аст, имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҳинд бо вазири корҳои хориҷӣ ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG