Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тазоҳургари Русиягаро дар Украина кушта шудаанд


Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, мегӯяд, се тазоҳургари тарафдори Русия дар наздикии шаҳри Мариупол, воқеъ дар шарқи Украина кушта шудаанд. Арсен Аваков ин хабарро дар саҳифаи худ дар Фейсбук рӯзи 17 апрел нашр кард. Ба гуфтаи ӯ, тазоҳургарон ҳангоми ҳамлаашон ба пойгоҳи нерӯҳои Украина дар ин шаҳр кушта шудаанд ва сарбозони украинӣ зимни муқовимат 13 тазоҳургарро маҷрӯҳ ва 63 нафарашонро боздошт кардаанд. Ба қавли Арсен Аваков, 300 нафар аз тазоҳургарони тарафдори Русия ҳангоми ҳамла ба пойгоҳи низомӣ аслиҳа ва бомбҳои худсохти оташгирандаро ба кор бурдаанд. Вазири украинӣ аз ин пештар гуфт, гурӯҳе аз тазоҳургарони мусаллаҳ ба пойгоҳи Горди Миллӣ ворид шуда ва аз сарбозони украинӣ хостаанд, ки ба шӯриши онҳо алайҳи ҳукумати ғарбгарои Украина ҳамроҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG