Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш бинои 2 ошиёна дар нақшаи генералии Душанбе


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе дастикам 6 бинои 2 ошиёна дар маркази пойтахт аз фаъолияти истифодабарӣ боз монда шуд. Аз ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми декабр хабар доданд, ки бо ин қарори шаҳрдори Душанбе таҳти рақами 675 аз 29 ноябри соли 2013, ҳуқуқи соҳибмулкон ва зарар бартарафсозӣ ҷуброн карда мешавад. Ба ин тартиб биноҳои истиқоматии 2-ошёнаи шумораҳои 124,126, 128, биноҳои 2-ошёнаи «Маркази савдо», шумораи 128, 130 ва бинои маъмурии мансуб ба ройзании фарҳангии сафорати Эрон, шумораи бино 130а, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ тибқи нақшаи генералии шаҳр тахриб карда мешавад. Тибқи ин хабар истиқоматкунандагони ин биноҳоро мувақатан аз дигар ҷойҳо манзил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG