Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар назди сафорати Эрон дар Бейрут таркиш рух дод


Маҳали таркиш дар Бейрут
Маҳали таркиш дар Бейрут
Дар ду таркиш дар наздикии сафоратхонаи Эрон дар Бейрут дастикам 22 нафар кушта шудаанд. То ҳол сабабҳои таркиш маълум нашудааст. Дар баъзе гузоришҳо омадааст, ки мушак паррондаанд, вале дар гузоришҳои дигар гуфта мешавад, ки мошини бамгузоришудае таркидааст.

Дар як гузориши телевизионӣ аз саҳнаи ин ҳодиса дида мешавад, ки мошинҳои атроф оташ гирифтаанд, биноҳои атроф хароб шудаанд ва ҷасадҳои хобида дар хиёбонро мебаранд.

Бино ба гузоришҳо, 6 бинои маттааллиқ ба сафорат осеб дидааст. Гузориш дода нашудааст, ки дар миёни қурбониён кормандони сафорат ҳам ҳастанд ё хайр.
XS
SM
MD
LG