Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тренинг барои кормандоне ки бо маҳбусони якумра сарукор доранд


Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-ум ва 17-уми сентябр давраи омӯзишии дурӯзаи кормандони маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо маҳбусони якумра сарукор доранд, гузаронда мешавад. Тренингро намояндагии созмони байнулмилалии Ислоҳоти соҳаи ҷиноӣ (Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ бо пуштибонии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати рушди байнулмилалии Бритониёи Кабир баргузор мекунад.

Маҳбуба Абдуллоева, масъули матбуотии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гуфт, тренинг ду рӯз бо ширкати кормандони муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ва мутахассисони Британияву Украина дар Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯи мавзӯи «Истифодаи ҳабси якумра ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» идома мекунад. Хонум Абдуллоева гуфт, мақсади тренинг такмили дониши кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавриди кор бо афродест, ки ба ҳукми қатл ё ҳабси якумраву тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

Дар варақаи матбуотие, ки намояндагии Penal Reform International дар Осиёи Марказӣ нашр кардааст, сарвари минтақавии PRI Сауле Мектепбаева мегӯяд, ки «мутаассифона, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ва макотиби олии махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ усули кор бо шахсонеро, ки ба муҳлати тӯлонӣ ва ё ҳабси якумра маҳкум шудаанд, намеомӯзонанд, ҳол он ки кор бо ин гурӯҳи маҳкумшудагон донишҳои муайян, хусусан, донистани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсонро тақозо мекунад».

Бино ба ин манбаъ, айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 60 маҳбуси якумра адои ҷазо мекунанд.

Тренинг мазкур дар доираи лоиҳаи дусолаи «Манъи тадриҷии ҳукми қатл ва ворид кардани санксияҳои алтернативии башардӯстона пас аз моратория ба ҳукми қатл ва ё пурра аз байн бурдани он» аст, ки дар чаҳор минтақаи ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо барои ин лоиҳа дар Осиёи Марказӣ 161 370 евро ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG