Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи НАТО дар Кунар 16 нафар кушта шудаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ҳамлаи ҳавоии НАТО дар вилояти Кунар, 16 нафар аз ҷумла ғайринизомиён ҳам кушта шудаанд. Шуҷоулмулк Ҷалола, волии Кунар рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамла аз ҷумла чаҳор зан ва чаҳор кӯдак ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи ӯ, мошини ин ғайринизомиён ҳангоми ҳаракат мавриди ҳамлаи ҳавопаймои НАТО қарор гирифт. Ба гуфтаи сардори пулиси вилоят, мошинро замоне задаанд, ки дар роҳ чаҳор Толиборо ҳам савор кардааст. Аммо Анн Мари Аннисели сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфт, ки онҳо ҳеҷ гузорише дар бораи талаф шудани ғайринизомиён дар ҳамла нагирифтаанд ва дар ҳамла фақат “10 сарбози душман” кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG