Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи артишҳои ИДМ оид ба дзюдо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии артишҳои дӯсти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар риштаи дзюдо гардид.

Ин мусобиқа рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмаъаи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар ҳафт вазн рақобат карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми аввал, дастаи Арманистон дар мақоми дувум ва тими Қирғизистон дар мақоми севум қарор гирифтанд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ Адолат Ботакалов (-60 кг, Қирғизистон), Нерҷон Калтаев (-66 кг, Қазоқистон), Артур Ероносян (-73 кг, Арманистон), Мегер Карапетян (-81 кг, Арманистон), Абӯбакр Зоиров (-90 кг, Тоҷикистон), Дадохон Қурбоналиев (-100 кг, Тоҷикистон) ва Абӯбакр Раҳмонов (+100 кг, Тоҷикистон) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ба иттилоъи Ерлан Таласбаев, раиси Кумитаи варзиши назди шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои ИДМ, “ҳадаф аз ин мусобиқот, пеш аз ҳама, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобила миёни артишҳои дӯст мебошад. Бинобар ин чорабиниҳои мо таҳти шиори “Дӯстӣ тавассути варзиш” доир мешаванд. “
XS
SM
MD
LG