Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳои Бағдод 40 тан кушта шуданд


Мақомоти расмии Ироқ гуфтанд, шоми сешанбе дар силсилаи бомбгузориҳо дар маҳаллаҳои умдатан шиъанишини Бағдод дасти кам 40 нафар кушта шудаанд. Бар асари инфиҷори мошинҳои бомбгузоришуда дар назди масҷиду бозорҳои пуродам ва қаҳвахонаву фурӯшгоҳҳо даҳҳо нафари дигар захм бардоштаанд. Танҳо дар маҳаллаи Талбияи Бағдод, инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар назди ресторане 7 нафар кушта ва 30 тан захмӣ бар ҷой гузоштааст. Бино ба гузориши Созмони Милал, танҳо дар моҳи август дар ҳамлаву бомбгузориҳо дар саросари Ироқ бештар 800 ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG