Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири Шӯрои Амнияти Ингушистонро куштанд


Афроди мусаллаҳ дар Ингушистон Аҳмад Котиев, раиси Шӯрои Амнияти ин ҷумҳурии Русияро куштаанд. Кумитаи Тафтишотии Русия бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба Аҳмад Котиев ҳангоми ҳаракаташ дар мошин дар наздикии рустои Нижний Ахалукин ҳамла карда ва ронандаашро ҳам куштаанд. Ба гуфтаи Юнусбек Евкуров, раиси ҷумҳури Ингушистон, ҳамла ба Котиев ба фаъолияти кориаш иртибот дорад, ки мехост, ба ҳамлаҳои тундгароёни исломӣ дар ин ҷумҳурӣ хотима диҳад. Юнусбек Евкуров ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, “даъватҳои Котиев аз бандитҳо барои гузоштани силоҳ ба замин ва бозгашт ба зиндагии маъмулӣ” бисёр самар медод. Ӯ афзудааст, ки пайдо кардани қотилони Котиев "масъалаи нангу номус “ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG