Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Саидқул Билолов


Саидқул Билолов, зодаи ноҳияи Данғара. Дар мактаби мусиқӣ- хореографии ба номи Малика Собирова ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон таҳсил кардааст. Бунёдгузори дастаи ҳунарии «Дарё». Солиёни тӯлонист, ки дар ин дастаи ҳунарӣ фаъолият дорад. Муддате намояндаи мардумӣ дар порлумони Тоҷикистон буд. Муаллифи беш аз 300 оҳанг ва 100 суруд ва 11 сюита. Саидқул Билолов Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Аълочии ҳунари Тоҷикистон аст. Айни ҳол раҳбарии дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
XS
SM
MD
LG