Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалатбӣ пас аз се моҳ писари муҳоҷирашро пайдо кард


Ғалатбӣ Сатторова, зодаи ҷамоати деҳоти Ғайрати деҳаи Уртабузи ноҳияи Фархор, пас аз суроғу ҷустуҷӯи се моҳа ба дидори фарзандаш, ки дар Русия бедарак шуда буд, расид. Фарзанди ӯ бо мусоидати Хадамоти муҳоҷират дар авоили ҳамин ҳафта ба ноҳияи Фархор омад. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки Ғалатбӣ Сатторова, сокини ноҳияи Фархор пас аз пайдо намудани иттилоъ дар бораи фарзандаш, ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат кард, ки дар роҳи бозгаштани писари 21 солааш ба ватан, мусоидат кунад.

Ғалатбӣ Сатторова дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки аз моҳи апрел ба ин тараф писараш дигар ба ӯ занг назад ва худи ӯ низ вақте мехост бо Сафарбек гуфтугӯ кунад, ӯ гӯширо намегирифт: «Ман ба ҳамдеҳагонамон, ки дар Русия кор мекунанду ва фарзандамро мешинохтанд тамос гирифтам, аммо онҳо мегуфтанд, ки Сафарбек дар Русия нест ва онҳо ӯро надидаанд.»

Модари Сафарбек мегӯяд: «Ҳар рӯз хабари латтукӯби бачаҳои тоҷик ва бедарак шудани онҳоро мешунавем ва сахт дар ташвиш шудам ва се моҳе, ки вай гум шуда буд, ба ҳама ҷо муроҷиат кардам. Тақрибан як ҳафта қабл шунидам, ки ӯро боздошт кардаанд ва дар куҷое нигаҳаш медоранд.»

Сафарбек, писари Ғалатбӣ мегӯяд, ки 11-уми апрели соли равон барои гирифтани иҷозати иқомат аз марзи Русия берун шуда ҳини бозгашт аз Украина аз сӯи марзбонони Русия боздошт шуда, барои нақзи шароити иқомат ба боздоштгоҳи Хадамоти федеролии Русия интиқол ёфт: «Кормандони боздоштгоҳ мегуфтанд, ҳар вақте пул ёфтӣ, мо туро депортатсия мекунем, ман пас аз се моҳ пул ёфтам ва бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия онҳо маро ихроҷ карданд.»

Сафарбек Маҷидов мегӯяд, «мисли ман даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки дар боздоштги Хадамоти федеролии Русия маблағ надоранд ва то замони ёфтани маблағ рӯзашонро мегузаронанд ва наздиконашон хабар надоранд ва фикр мекунанд, ки гум шудаанд.»

Ҳоло вай пас аз депортатсия 5 соли дигар ҳаққи вуруд ба хоки Русияро надорад ва мегӯяд, ки тайи ин се сол бисёр хаста шудааст ва кӯшиш мекунад дар ноҳияи Фархор зиндагиаш ба роҳ монад. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаш моҳи гузашта 2002 нафар шаҳрвандони кишвар оид ба бедарак гаштани хешовандонашонва дар масъалаи бемузд мондани наздиконашон, муроҷиат кардаанд.
XS
SM
MD
LG