Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон дар қабулгоҳи муовини сарвазир


Дар интизори мулоқот бо муовини нахуствазир.
Дар интизори мулоқот бо муовини нахуствазир.

Даҳҳо тан аз шаҳрвандон, ки мушкилашон дар зинаҳои поёнии ҳукумат ҳалли худро пайдо накардаанд, имрӯз, 5 июн ба қабули Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон омадаанд.

Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 5 июн гурӯҳе аз шаҳрвандонро, ки ки мегӯянд, мушкили онҳо аз тарафи мақомоти сатҳи миёна ва поёнии давлат ҳал нашудааст, ба ҳузур пазируфт.

Ба гуфтаи бархе аз онҳо, масъалаҳои марбут ба тақсими замин барои бунёди манзил, иҷозаи фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра аз мавзӯъҳое будаанд, ки бо муовини нахуствазири Тоҷикистон матраҳ кардаанд.

Орзу Раҷабов, сокини 74-солаи Роғун дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар феҳрасти қабули ҷаноби Алимардон таҳти шумораи 64 -ум аст. Вай аз он гила кард, ки беш аз як гектар боғашро, ки ҳудуди 1000 дарахт дошт, ба далели он ки дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ воқеъ будааст, хароб кардаанд ва касе аз масъулони нерӯгоҳи Роғун арзашро гӯш намекунад.

Ба гуфтаи ин шахс, қимати боғашро 20 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд, ки вай розӣ нест. Зеро мегӯяд, боғ маҳсули заҳмати 20-солаи ӯву 11 фарзандаш аст. Бобои Орзу мегӯяд, «бархе одамон то 500 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Бигзор як комиссия ташкил кунанд, то қимати аслии боғро муайян кунанд. Ақаллан 50-100 ҳазор сомонӣ диҳанд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки бобои Орзу мегӯяд, онҳоро ба ноҳияи Турсунзода муҳоҷир карданианд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ба онҳо чӣ қадар замин медиҳанд ва чӣ гуна хона месозанд.

Ҳарчанд Орзу Раҷабов қаблан низ чанд дафъа ба қабули Муродалӣ Алимардон омадааст, аммо то ҳанӯз ба ӯ муяссар нашудааст, ки ба назди муовини сарвазир дарояд. Ӯ мегӯяд, «масъулини Роғун аризанависӣ мекунӣ, гуфта, ба ман фишор оварданд ва монеъи даромаданам шуданд. Аммо ман танҳо ҳаққи худамро талаб дорам.»

Аммо Сайфулло Ғайбуллоеви 86-сола ҳамроҳи ҳамсараш Рисолат Ҳасанова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд омадааст. Ӯ мехоҳад хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ ташкил кунад, аммо натавонистааст, иҷозатнома дарёфт кунад. Ба ӯ бо делели он ки ташкили хоҷагии тухмипарварӣ манъ аст, иҷозати ин корро надодаанд. Рисолат Ҳасанова, ҳамсари бобои Сайфулло мегӯяд, ки ҳоло онҳо иҷоракори хоҷагии ба номи Ӯрунхоҷаев ҳастанд, «174 гектар заминро иҷора гирифтаем, ки 32 гектараш боғ аст. Шавҳарам аз ҳисоби худаш чоҳи амудӣ кофта бароварда, боғро обод кард. Ду сол аст, ки заминҳо обёрӣ мешаванд, дарахтон аз хушкшавӣ монданд. Ният дорад, боз як чоҳи амӯдӣ бароварда, заминҳои лалмии боқимондаро обёрӣ кунанд.»

Ин ҳарду мегӯянд, ки чанд бор ба раиси вилояти Суғд бо ариза муроҷиат кардаанд, аммо посухе нагирифтаанд. Ба онҳо имкон надодаанд, ки дар рӯзҳои қабули раиси вилоят ба ӯ муроҷиат кунанд. Ҳамакнун онҳо низ ба умед омадаанд, ки дар ҳалли ин масъала Муродалӣ Алимардон метавонад мусоидат кунад.

Бештари афроде, ки дар навбат истода буданд, аз тақсими ноодилонаи замин ва хариду фурӯши манзил шикоят доранд. Қаблан низ иддае аз сокинони ноҳияи Фархор, ки аз дарҳаму барҳамии санадҳои мақомоти иҷроияи ноҳия дар мавриди тақсими замин эътироз карда буданд, ба додхоҳӣ пеши Муродалӣ Алимардон омадаанд.

Шарофиддин Юнусов, сокини деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор аз касоне, ки тавонист, арзашро ба Алимардон расонад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи замини наздиҳавлигиаш, ки тақрибан се сол ба ин сӯ мақомот аз додани он худдорӣ мекард, ҳалли худро пайдо кард.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки Муродалӣ Алимардон танҳо як рӯзи қабул дорад, иддае аз корафтодагон бовар надоштанд, ки дидори муовини нахуствазири Тоҷикистон ин бор насибашон мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аз қабулгоҳи Муродалӣ Алимардон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамаи 140 нафаре, ки имрӯз ба қабули муовини нахуствазир омада буданд, ба ҳузури ӯ роҳ ёфтанд ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG