Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мири пойтахт


Саид Амиров
Саид Амиров

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 2 июн ҳукми ҳабси думоҳаи шаҳрдори Махачқалъаро содир кард.

Саид Амиров, ки бо ин ҳукм то 1 август пушти панҷара хоҳад монд, дар толори додгоҳ ба хабарнигорон гуфт, “ман худам намедонам, ки маро барои чӣ боздошт кардаанд. Ин як парвандаи сиёсиии сохта аст, ки оянда надорад. Ман гунаҳкор нестам ва ҳама чиз бо гузашти вақт маълум хоҳад шуд.” Кумитаи тафтишоти Русия бояд акнун дар зарфи 10 рӯз айбномаи расмиаш алайҳи мири пойтахти Доғистонро эълон кунад.

Акнун қонуну тартибот, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мехоҳад ҷорӣ кунад, ба Доғистон ҳам омад.” Чунин буд вокуниши кафили раҳбарии ин ҷумҳурии мухтор ба боздошти Саид Амиров. Рамазон Абдулатипов, ки суханонашро хабаргузории русии Интерфакс овардааст, мегӯяд, “Дар Доғистон то ҳол беназмӣ ҳукмфармост. Онҳое ки солҳои зиёде дар сари қудратанд, дар дохили ҳукумат ҷаҳолату беқонуниро пеш гирифта буданд. Вале акнун қонуну тартибот ба Доғистон ҳам омад.”


Амалиёти боздошти Амиров дар манзилаш дар Махачқалъа
Амалиёти боздошти Амиров дар манзилаш дар Махачқалъа
Саид Амиров рӯзи 1 июн дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои вижаи Хадамоти федеролии амнияти Русия дар манзили хеле бузургу пурдабдабааш дар пойтахти Доғистон боздошт шуд. Ин амалиёт дар зарфи ҳамагӣ чанд дақиқа ва бидуни кадом муқовимате аз тарафи ҷонибдорону муҳофизони Амиров анҷом ёфт ва ин марди хеле пурнуфуз дар майдони сиёсати ду даҳаи охири Доғистонро аз саҳни як майдон ба чархбол шинонда бурданд. Мақомоти Русия ба дунбол хабар доданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 10 нафар, аз ҷумла Саид Амиров ва бародарзодааш Юсуф Ҷаъфаров, муовини шаҳрдори Каспийск дастгир шуда, аксари онҳо, бо шумули Амировро билофосила ба Маскав интиқол додаанд.

Рамазон Абдулатипов рӯзи 2 июн гуфт, иҷрои вазифаҳои Амиров ба муовини аввалаш вогузор шудааст ва “тасмимҳои минбаъда дар мавриди раҳбарии маркази ҷумҳурӣ – шаҳри Маахачқалъа дар чорчӯби қонун гирифта хоҳанд шуд.” Раҳбари кунунии Доғистон бо он қаноатманд буданаш аз боздошти ин рақиби билқувва ва “дарди сар”-и ҳамешагии раҳбарони собиқи ин ҷумҳуриро пинҳон намекард, гуфт, вазъ дар Махачқалъа ором аст ва маркази Доғистон “дар як режими ором, бидуни кадом ҳодисаи фавқулоддае кор мекунад.”

Рамазон Абдулатипов, ки аз соли 2005 то 2009 сафири Русия дар Тоҷикистон буд, 28 январи соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Доғистон таъйин шуд. Ӯ баъди интисобаш ба ин симат гуфт, барои мубориза бо фасод ва эҷоди як ҳукумати боадолат дар ин ҷумҳурии ошӯбзада талош хоҳад кард.

Аммо тавре ба назар мерасад, на ҳама дар Махачқалъа ба қазияи назари бо Абдулатипов ҳамсон доранд. Баганд Магомедов - муовини аввали Саид Амиров дар шаҳрдории пойтахти Доғистон – рӯзи 2 июн гуфт, боздошти шаҳрдор ва кофтукоби манзилу дафтари кории ӯ бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Оқои Магомедов гуфт: “Амалиёт хеле дағалона ва бо нақзи қонуни протсесуаллӣ анҷом шуд. Дар вақти боздошт ва кофтубкобҳо ягон ҳукму санад нишон надоданд. Ин қоғазҳо ҳамааш баъд пайдо шуданд.”

Магомедов гуфт, шоҳиди бевоситаи боздошти Амиров дар манзилаш буд: “ду нафар, якеаш подполковник, бидуни нишон додани ягон санад гуфтанд, ки ба Саид Ҷабборович суолҳо доранд. Ӯ хоҳиш кард, ки суолҳояшонро ҳаминҷо бидиҳанд. Ин одамон гуфтанд, ки ин дар салоҳияти онҳо нест ва ӯро боисрор ба мошини зиреҳпӯш шинонда, ба майдон бароварданд ва аз онҷо бо чархбол ба самти номаълум бурданд. Ин ҳолост, ки мо медонем, ки ӯ куҷост.”

Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Махачқалъа ҳамчунин гуфт, субҳи якшанбе дар шаҳрдорӣ мулоқот бо “фаъолони шаҳр” доир шуд. Ба гуфтаи ӯ, “мардум мехост барои изҳори эътирози худ дар майдон гирди ҳам биояд, вале мо фаъолони шаҳрро ҷамъ оварда, хоҳиш кардем, то даст ба ягон амале, ки вазъро бесубот кунад, назананд.”


Владимир Маркин
Владимир Маркин
Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи шанбе дар пайи боздошт ва ба Маскав оварда шудани Саид Амиров гуфт, ин ниҳод рӯзи 31 май алайҳи шаҳрдори Махачқалъа бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили куштори муфаттиши Кумитаи тафтишот дар ноҳияи Советскийи пойтахти Доғистон Арсен Ҳоҷибеков парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Арсен Ҳоҷибеков , ки 14 декабри соли 2011 дар шаҳри Каспийск кушта шуд, як бомбгузории хунин дар ин шаҳрро таҳқиқ мекард.

Матбуоти Русия мегӯяд, боздошти шаҳрдори Махачқалъа бо гумони фармоиши қатли ин муфаттиш баъди он мумкин шуд, ки мақомоти амниятӣ ахиран як фармондеҳи аршади гурӯҳҳои чирикӣ дар атрофи маркази маъмурии Доғистонро боздошт карданд. Аммо ба навиштаи расонаҳо, иттиҳоми фармоиши қатли Арсен Ҳоҷибеков метавонад танҳо нӯги риштаи калобаи айбномаҳое шавад, ки дар оянда алайҳи Саид Амиров эълон хоҳанд кард. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин низ дар сӯҳбат бо хабарнигорон эътироф кардааст, ки “даст доштани Амиров дар ҷиноятҳои дигари пурсарусадо низ таҳқиқ хоҳад шуд.”

Саид Амиров соли 1954 дар рустои Ҷонгамахии ноҳияи Лаваша ба дунё омадааст. Зан ва 4 фарзанд дорад. Амиров дар солҳои 90 муовини сарвазири Доғистон буд ва бори аввал дар соли 1998 шаҳрдори Махачқалъа интихоб шуд. Узви ҳизби ҳокими Русияи воҳиди Владимир Путин буд ва дар интихоботҳо пуштибонии 99-дарсадӣ аз ин ҳизбу аз Путинро дар Махачқалъа “таъмин” мекард. Моҳи апрели соли равон ӯ дар як озмуни расмӣ унвони “Беҳтарин шаҳрдори Русия”-ро ба даст овард.

Амиров дар зиндагиаш 12 маротиба ҳадафи сӯъиқасд қароро гирифта, дар соли 1993 дар натиҷаи якчунин сӯъиқасд аз сутунмӯҳрааш тир хӯрд ва аз он ба баъд бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекард. Бино ба тарҷумаи ҳоли расмии ӯ, Саид Амиров танҳо дар 15 соли раҳбариаш бар пойтахти ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистон аз дастикам 6 сӯъиқасди дигар ҷон ба саломат бурдааст.


Ҳушдори Рамазон Абдулатипов ба "ҳокимча"-ҳои дигар
Ҳушдори Рамазон Абдулатипов ба "ҳокимча"-ҳои дигар
Саид Амиров дар саҳнаи сиёсати беш аз ҳар гӯшаи дигари Русия ба фасоду таборгароӣ ва сӯъиистифода аз мақом сахт печида ва олудаи Доғистон нуфузи фавқулоддае дошт ва таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ин нуфуз ба ҳадде буд, ки Амиров бо вуҷуди расман зердаст буданаш ҳеҷ яке аз раҳбарони аввали ин ҷумҳурии мухторро гӯш намекард. Онҳо мегӯянд, бо рӯфтани Саид Амиров аз роҳи худ раҳбари кунунии Доғистон Рамазон Абдулатипов метавонад, як оҳи сабук бикашад, зеро аз байн бурдани шахсияти пурнуфузе чун Амиров метавонад ҳушдори сабақдиҳандае барои боқӣ "ҳокимча"-ҳои сершумор дар низоми ҳукумати фасодзадаи Доғистон шавад, ки Аёс, ҳадди худро бишнос.
XS
SM
MD
LG