Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Сурия 8 маъмури амниятиро кушт


Бино ба гузоришҳо, бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди идораи пулис дар шаҳри Димишқи Сурия, ҳашт маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия мегӯяд, таркиш рӯзи якшанбе дар ноҳияи Ҷубайр ва маҳалли даргирии нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин созмон, ҳамла кори дасти Ҷабҳаи Ал-Нусра як созмони ифротгарои исломӣ будааст. Рӯзи шанбе аз даргириҳои шадид дар шаҳри Қусайр гузориш мешуд, ки нерӯҳои давлатии Сурия саъй доранд, онро аз дасти шӯришиён бигиранд. Муассисаҳои имдодии Созмони Милал гуфтаанд, ки ҳудуди 1500 нафар мардуми осоишта дар ин ҷангҳо захмӣ шудаанд ва бояд онҳоро аз онҷо берун овард.
XS
SM
MD
LG