Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, рӯзи шанбе ба ноҳияи Ҷети Оғуз дар шимоли кишвар рафт, ки онҷо баъди тазоҳуроти хушунатомез дар назди кони тилои Кумтор, вазъи фавқуллода эълон кардаанд. Дар даргирии тазоҳургарони хашмгин ва маъмурони пулис дар назди бузургтарин кони тиллои Қирғизистон дар рӯзи ҷумъа 50 нафар маҷрӯҳ шуданд ва маъмурони пулис 80 тани дигарро дастгир карданд. Тазоҳургарон мехоҳанд, ки кони тиллои Қумтор миллӣ карда шавад, зеро ба гуфтаи онҳо, ширкати канадаӣ ва мутассаддии кони тилло молиёти каме мепардозад ва муҳити зистро олуда мекунад. Тазоҳурот дар назди кони Қумтор аввали ҳамин ҳафта шурӯъ шуд. Жанторо Сотиболдиев дар мулоқот бо тазоҳургарон гуфтааст, ки талабҳои онҳоро таҳқиқ хоҳад кард. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллии Қирғизистон, даҳҳо нафар сокинони шаҳри Бишкек ҳам бо нишони ҳимоят аз талабҳои тазоҳургарон дар Ҷетти Оғуз дар назди идораҳои ҳукуматӣ ҷамъ омаданд.