Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 сол ҳукми тоҷике дар Дубай, ки занашро аз балкон ҳаво додааст


Манзараи умумие аз маркази Дубай
Манзараи умумие аз маркази Дубай

Додгоҳи таҷдиди назари Дубай 5 сол ҳукми зиндони як тоҷири 38-солаи тоҷикро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Сомонаи Gulfnews – ношири ин хабар- аммо аз ифшои номи “қаҳрамон”-ҳои ин моҷарои додгоҳӣ худдорӣ карда, дар гузоришаш аз онҳо ҳамчун Ф.З. ва Ҷ.С. ном бурдааст. Бино ба гузориши сомонаи Gulfnews, Ҷ.С. дар қасди куштани ҳамсари 19-солааш Ф.З., ки низ аз Тоҷикистон будааст, муҷрим шинохта шуд.

Гуфта мешавад, ки тоҷири тоҷик ҳамсарашро моҳи апрели соли 2012 дар ҳолати мастӣ аз ошёнаи дувуми як меҳмонсаро дар минтақаи Ал-Рифоъ ҳаво додааст. Зан аз ин сӯъиқасд танҳо дар пайи мудохилаи табибон ва муддати зиёди табобат дар бемористон ҷон ба саломат бурдааст.

Ба гуфтаи Ф.З., шавҳараш ӯро айбдор карда буд, ки дар ивази пул бо як марди дигар ҳамхоба шудааст ва ба ҳамин далел қасди ҷэони ӯро кард.Додгоҳ мегӯяд, ки Ҷ.С. ҳангоми аз балкони меҳмонсаро партофтани ҳамсараш таҳти таъсири машруботи навъи ликёр қарор дошт. Худи Ҷ.С. ин иттиҳомро қабул надорад, вале додгоҳ шикояти ӯро радд кард ва акнун ин тоҷири тоҷик барои 5 сол равонаи зиндон мешавад.

Бо ҳукми додгоҳ, Ҷ.С. баъди адои 5 сол ҳукми зиндонаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ихроҷ хоҳад шуд. Додгоҳ ҳамин тавр, барои нӯшидани машрубот ӯро 2000 дирҳам, муодили тақрибан 550 доллар ҷарима баст.

Ҷ.С. дар ҷараёни мурофиа эътироф кардааст, ки он рӯз маст буд, вале ҳамсараш, ба гуфтаи ӯ, худашро аз балкон ҳаво дод. “Ман ин корро накардаам”, - гуфтааст Ҷ.С. ба додгоҳ.

Ба навиштаи Gulfnews, моҷарои ин зану шавҳари тоҷик акнун ба додгоҳи шаҳрвандии Дубай ироа мешавад. Додгоҳ дар ҳукмаш гуфтааст, ки Ҷ.С. бояд ба ҳамсараш Ф.З. 21 000 дирҳам, муодили қариб 6000 доллар ҷуброн низ пардохт кунад.

Gulfnews менависад, ки нафари маҳкум иддао дорад, ки сабаби фирораш аз маҳалли ҳодиса тарси боздошт буд, ки чунки ӯ ба далели қазиияҳои дигаре таҳти ҷустуҷӯи пулис қарор дошт. Ф.З. гуфтааст, ҳамсараш баъди ба ӯ шунавандони сӯҳбати телефонии як дӯсташ, ки мегуфт, ки гӯё ӯ дар ивази пул бо як марди дигар ҳамхоба шудааст, ба хашм омаду ба ӯ ҳамла кард.

Як ходими пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб дар додгоҳ баёнот дод, ки Ҷ.С. эътироф кард, ки завҷаашро латукӯб кард, вале аз балкон ҳаво надодааст. анаш аз сӯи шавҳари худро эътироф кард, вале ӯро аз балкон ҳаво додаанд.
“Ӯ иддао дошт, ки завҷааш таҳти раҳбарии волидони худ танфурӯшӣ мекард. Ҷ.С. иддао дошт, ки Ф.З ҳангоми баҳс худро аз балкон берун андохт”, - гуфтааст ин ходими пулис дар додгоҳ.

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назари Дубай ҳукми ниҳоист ва Ҷ.С. акнун барои 5 сол пушти панҷара хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG