Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкони Маскав Зайнабро наҷот доданд


Пизишкони яке аз беморхонаҳои Маскав бо анҷоми як ҷарроҳҳии бисёр нозук, устухони руй ва манаҳи Зайнаби 6-сола - шаҳрванди Тоҷикистонро иваз карда ӯро аз марг наҷот додаанд. Сомонаи Life News рӯзи 13-уми май аз ин ҷароҳҳӣ хабар дода навиштааст, ки Зайнаб Маҳмудоваи 6-сола, ки аз бемории ирсии пусиши устухони руй ва зери манаҳ шадидан ранҷ мебурд ва шонси зинда монданаш низ хеле кам монда буд, дар яке аз клиникаҳои дандонпизишкии Маскав ҷарроҳӣ шуд. Бар асари пусиш тақрибан ҳамаи устухони руйи Занаб аз устухони зери манаҳ, бинӣ ва зери чашмҳояш дучори бемории маргбори «остеопетроз» шуда буд, ки агар ба қавли пизишкони Беморхонаи кӯдаконаи Маскав аз он ҷилавгирӣ нашавад, тамоми устухони ӯро фаро гирифта ба марг мекашонад.

Ба гуфтаи яке аз пизишикони беморхонаи кӯдаконаи "Владимири муқаддас", як муддат роҳи нафаскашии Зайнаб танг мешавад, ки ба кӯмаки вай ихтиёриҳо меоянд ва бо ҷамъ кардани маблағ, имкони ҷароҳҳӣ кардани онро фароҳам меоранд. Пизишкони яке аз беморхонаи Маскав бо анҷоми як ҷарроҳии ниҳоят нозук, устухони руй манаҳ ва устухони рухсораҳояшро бурида, онро бо пластмаси махсус иваз мекунанд, ки бо ин аз идомаи пусиши устухон ҷилавгирӣ карда мешавад. Аммо пизишкҳо мегӯянд, ки танҳо бо роҳи иваз кардани мағзи устухон, мешавад Зайнабро пурра наҷот дод.

Чунин ҷарроҳиҳо танҳо дар кишвари Исроил дар ивази 200 ҳазор доллар имконпазир будааст, ки бо кӯмаки ихтиёриён то кунун ҳамагӣ 7 ҳазор доллар ҷамъоварӣ карда шудааст. Зайнаб Маҳмудова, зодаи Тоҷикистон буда феълан хонаводаи онҳо дар Тамбов зиндагӣ мекунанд. Мусоҷон Маҳмудов, тағои Зайнаби 6-сола аз тариқи сомонаи «Life news» ба мардум муроҷиат кардааст, ки барои ҷарроҳии Зайнаб дар Исроил, дасти ёрӣ дароз кунанд.
XS
SM
MD
LG