Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Эстония аз Хадамоти кинологии Тоҷикистон дидан мекунад


Нахуствазири Эстония Андрус Ансип аз маҳалли Хадамоти кинологии Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, дидан мекунад
Саъдулло Раҳматуллоев, раиси Дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 7 май ба "Озодӣ" гуфт, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари худ ба Тоҷикистон, оқои Андрус Ансип имрӯз ба Оҷонсӣ омада ва бо фаъолияти ин ошно хоҳад шуд. Дар назар аст, ки нахуствазири Эстония бо раиси Оҷонсӣ Рустам Назаров мулоқот намояд. Дар доираи ин сафар нахуствазири Эстония аз Хадамоти кинологӣ --маҳалли сагҳои буйгир ошно шуда, бо масъулони он доир ба таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди истифодаи сагҳои буйгир дар амалиётҳои зидди қочоқи маводи мухаддир, табодули назар хоҳад кард. Ба қавли Саъдулло Раҳматуллоев, таҷрибаи Тоҷикистон дар минтақа оид ба таълиму парвариши сагҳои буйгир ғанӣ мебошад. Сагони бӯйгири Хадамоти кинологии Тоҷикистон солона дар 400 то 700 амалиёт ширкат карда, натиҷаи дилхоҳ ба даст меоранд.

«Грейс Зотерховф», гаронарзиштарин саги Хадамоти кинологии Вазорати умури дохилӣ мебошад, ки аз зоти белгӣ буда, соли 2007 аз Қазоқистон бо маблағи 22 ҳазор евро харидорӣ шудааст. Хадамоти кинологии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2007 таъсис шудааст, ки он замон ҳамагӣ 4 саги бӯйгир дошт. Ҳоло теъдоди сагони бӯйгир дар ин марказ ба 60 адад расидааст. Аз ин теъдод 12 адади он аз Қазоқистон, Узбакистон ва Русия дастрас гардида, боқимонда дар хадамот наслгирӣ шудаанд. Аммо ин гуна сагон дар кулли кишвар, аз ҷумла дар сафи вазорати умури дохилӣ ба бештар аз 300 адад мерасад.
XS
SM
MD
LG