Се афғон, ки ҳамчун тарҷумон аз тарафи нерӯҳои Британия дар Афғонистон истифода шудаанд, дар додгоҳи Лондон бар зидди як дастури ҳукумати Британия шикоят бурдаанд.
Тарҷумонҳои афғон талаб доранд, ки ба онҳо ҳамон имтиёзҳое дода шаванд, ки тарҷумонҳои нерӯҳои Британия дар Ироқ дарёфт намудаанд. Рӯзи ҷумъа вакилони тарҷумонҳои афғон иброз доштанд, ки бо сабабҳои амниятӣ номи тарҷумонҳоро ошкор намекунанд.
Ҳукумати Британия дастур додааст, ки сарнавишти ҳар яке аз 500 тарҷумони нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон дар алоҳидагӣ ҳаллу фасл шавад. Британия ба тарҷумонҳои маҳаллӣ дар Ироқ пешниҳод карда буд, ки ё ҷуброни молӣ гиранд ва ё бар пояи барномаи хос вориди хоки Британия шаванд.
Ҳафтаи равон сарвазири Британия Дейвид Кемерон гуфт, он афроде, ки ба нерӯҳои Британия кумак расондаанд, бояд дар Афғонистон монда, ба эҳёи кишварашон ёрӣ расонанд.