Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби марги Темурлан Тсарнаев эълон шуд


Темурлан Тсарнаев
Темурлан Тсарнаев
Бар пояи шаҳодатномаи марги Темурлан Тсарнаев ин фарди муттаҳам бо бомбгузории дави марафонии Бостон аз тири силоҳи оташфишон ва захмҳо дар сару баданаш ҳалок шудааст.

Тсарнаеви 26-сола рӯзи 19-уми апрел аснои амалиёти боздошт ба қатл расид. Муҳтавои шаҳодатномаи марги Тсарнаев рӯзи ҷумъа эълон шуд. Қабл аз он ҷасади ӯро ба аъзои оилааш супурданд.

Бародари 19-солаи Темурлан Тсарнаев-Ҷавҳар, ки муттаҳами дуюми ин бомбгузорӣ мебошад, боздошт шудааст ва агар ҷурми ӯ собит шавад, эҳтимол ӯро ба эъдом маҳкум кунанд.

Модари ин ду бародари чечентабор Зубайда Тсарнаева мегӯяд, айбномаи фарзадонаш сохта аст.

Бар асари бомбгузории Бостон 15-уми апрел 3 нафар ба ҳалокат расида, камаш 260 каси дигар захм бардоштанд.
XS
SM
MD
LG